Феврал 19, 2020 16:58 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз чаҳор мошини нав ва беҳинасозишудаи эронӣ

Мошинҳои нав ва беҳинасозишудаи эронӣ бо вуҷуди таҳримҳои ғайриқонунии Амрико дар Теҳрон рӯнамоӣ шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе аз мошинҳои дохилии “К132”, “Дено плос турбо автоматик”, “Маҳсули Седан аз мегаплатформи эронӣ” ва “Крос овер” рӯнамоӣ кард.

Бар асоси ин гузориш, беш аз 90 дарсади қатаоти ин маҳсулот сохти Эрон аст ва дар тавлиди онҳо ба стандартҳои рӯзи ҷаҳон, пойин будани масрафи сӯхт ва камтарин мизони олудагӣ барои муҳити зист таваҷҷуҳ шудааст.

Рӯнамоӣ аз ин маҳсулоти эронӣ дар ҳоле аст, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 8 майи соли 2018 ба таври якҷониба, бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон зайли БарҶом, кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

 

Назарҳо