Феврал 23, 2020 12:21 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 28 дарсадии мубталоён ба коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ

Бар асоси эъломи хабаргузории расмии Кореяи Ҷанубӣ шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар дар 24 соати гузашта 28 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба нақл аз хабаргузории Юнҳопи Кореяи Ҷанубӣ, масъулони ниҳодҳои беҳдоштӣ дар ин кишвар аз ибтилои 123 нафар дар 24 соати гузашта ба коронавирус хабар додаанд, ки 75 нафар аз онҳо марбут ба ибтилои дастаҷамъӣ ба ин вирус дар калисое дар шаҳри  Даегу (Daegu) будааст.

Шумори кулли мубталоён дар Кореяи Ҷанубӣ ба 556 нафар расидааст, ки аз ин теъдод чаҳор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

 

Барчасп

Назарҳо