Феврал 25, 2020 22:11 Asia/Dushanbe
  • Дархости эрониёни хориҷ аз Эрон барои лағви таҳримҳои доруӣ алайҳи ин кишвар

Ҷамъе аз эрониёни хориҷ аз кишварашон дар номае хитоб ба дабири кулли Созмони Милал ва раиси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бо ишора ба шароити кунунии густариши “корона” дар Эрон иқдоми ҷиддии СҶБ-ро барои лағви таҳримҳои доруӣ алайҳи ин кишвар хостор шуданд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин нома омадааст: “Таҳримҳои шадиди мустақим ва ғайримустақим алайҳ дору ва таҷҳизоти пизишкӣ метавонад ба густариши вирус ва ба хатар афтодани ҷони теъдоди бештаре аз ҳамватанони мо бианҷомад, бавижа, ки бо афзоиши теъдоди беморон аз захоири дору ва таҷҳизоти ин кишвар коста хоҳад шуд”. Ин нома бо ишора ба таҳримҳои золимона алайҳи Эрон аз Созмони Милал ва Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ мехоҳад, то ҳарчи сареътар ба мавзӯи лағви таҳримҳое, ки дар ҳар сурат бар раванди муқобила бо “корона” таъсири манфӣ хоҳанд гузошт, таваҷҷуҳ кунанд ва ин иқдом метавонад шомили лағви фаврии тамоми таҳримҳо алайҳи маводи пизишкӣ, дору ва дигар васоили озмоишгоҳӣ шавад.

Дар ин нома таъкид шудааст, ки эрониёни хориҷ аз Эрон ба далели шароити таҳримҳо монанди собиқ имкони кумакрасонӣ ба дохили кишварро надоранд ва ин дар ҳолест, ки дастрасӣ ба маводи пизишкӣ ва беҳдоштӣ фориғ аз нажод, мазҳаб ва миллати афрод аз ҳуқуқи аввалияи инсонҳо ба шумор меравад.

Ин нома ҳушдор медиҳад, ки ҳар гуна таъхир дар лағви таҳримҳо ба низоми саломати Эрон осеб мезанад ва боис мешавад, ки афроди осебпазир ва бегуноҳ баҳои сангини онро бипардозанд.

 

Барчасп

Назарҳо