Феврал 26, 2020 22:35 Asia/Dushanbe
  • Вуруди нови Хорки нерӯи дарёии Эрон ба бандаре дар Ҷакарта

Ба муносибати ҳафтодумин солгарди равобити дипломатии Эрон ва Индонезия, нови Хорки мутааллиқ ба нерӯи дарёии Ҷумҳурии Исломии Эрон шашуми исфандмоҳ (сешанбеи 25 феврал) вориди бандари Ҷакарта шуд.

Ба гузориши “Форс”, Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷакарта эълом кард, ба муносибати ҳафтодумин солгарди равобити дипломатии Эрон ва Индонезия, нови Хорки нерӯи дарёии Эрон рӯзи сешанбеи шашуми исфандмоҳ вориди бандари Танҷунг Приоки Ҷакарта шуд.

Дар маросими истиқболи расмӣ аз ин нов, мақомоти нерӯи дарёии Индонезия, Муҳаммад Хушҳайкал Озод, сафири Эрон ба ҳамроҳи Беҳрӯз, вобастаи низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Индонезия ҳузур доштанд.

Шастушашумин новгурӯҳи омӯзишӣ, иттилоотии нерӯи дарёии артиш, муташаккил аз нови болгардбари Хорк ва новшикани Баяндор миёнаҳои баҳманмоҳи соли ҷорӣ аз Бандар Аббос озими маъмурияти байналмилалӣ шуд ва муқаррар шуд, ки ин новгурӯҳи омӯзишӣ дар ин маъмурият зимни барафроштани парчами муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар обҳои озод ва ҳифзи хутути мувосилотӣ ва таъмини амният, дар ростои таомулоти байналмилалӣ ва тавсеаи дипломатия дар чанд кишвари ҳошияи уқёнуси Ҳинд иқдом ба паҳлугирӣ кунад.

 

 

 

 

Назарҳо