Феврал 27, 2020 18:51 Asia/Dushanbe
  • Талафоти коронавирус дар Эрон ба 26 нафар расид

Раиси Маркази равобит умумӣ ва иттилоърасонии вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, омори ибтилои қатъӣ ба коронавирус дар Эрон ба 245 нафар ва фавти ношӣ аз он, дар маҷмӯъ ба 26 нафар расидааст.

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобитумумӣ ва иттилоърасонии вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА дар бораи охирин омори ибтилои қатъӣ ва фавти ношӣ аз коронавирус дар Эрон гуфт, аз рӯзи гузашта токунун бо таваҷҷуҳ ба афзоиши озмойшгоҳҳои ташхиси коронавирус, 106 ибтилои қатъӣ ташхис дода шуда ва дар ин бозаи замонӣ ҳафт нафар фавт кардаанд.

Ба гуфтаи Ҷаҳонпур дар маҷмӯъ 245 нафар ибтилои қатъӣ ва 26 нафар фавти ношӣ аз коронавирус дар Эрон гузориш шудааст.

Густариши коронавирус дар моҳи декабри 2019 аз шаҳри Вуҳони Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он ҳайвоноти ғайри аҳлӣ будааст.

Ин вирус акнун илова бар 30 устони Чин, ба беш аз 40 кишвари дигар, аз ҷумла кишварҳои минтақаи ғарби Осиё сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, токунун беш аз 82 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 32 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва беш аз 2800 нафар низ ҷон худро аз даст додаанд.

 

Барчасп

Назарҳо