Феврал 27, 2020 19:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Покистон бо Эрон барои ҷилавгири аз густариши коронавирус

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон гуфт, барои ҷилавгири аз густариши корона, тамосҳои наздик миёни масъулони ин кишвар ва Эрон барқарор аст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Хонум Оиша Форуқӣ, имрӯз (панҷшанбе) гуфт, намояндагиҳои дипломатии Покистон дар Эрон аз ҳеҷ иқдоме барои тазмини саломати атбои худ, аз ҷумла донишҷӯён ва зоирони покистонӣ дареғ накарда ва тамҳидоти лозимро дар ин замина иттихоз кардаанд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон афзуд, ин кишвар дар замони кунунӣ тасмиме барои таълиқи парвозҳои мусофирбарӣ миёни Эрон ва Покистон нагирифта дар айни ҳол ҳар иқдоме, ки барои ҳифозат аз саломати атбои покистонӣ зарурӣ бошад, анҷом хоҳад шуд.

Давлати Покистон пас аз таъйиди даври мавриди ибтило ба вируси корона дар шаҳрҳои Исломобод ва Карочӣ, мадориси иёлати Балучистон, бархе манотиқ дар ҷануб ва ҳамчунин дар шимоли ин кишварро таътил карда ва тадобири пешгирӣ низ дар шаҳрҳои мухталиф, аз ҷумла гузаргоҳҳои марзӣ ташдид шудааст.

 

Барчасп

Назарҳо