Феврал 28, 2020 22:03 Asia/Dushanbe
  • Вуруди аввалин маҳмулаи кумаки Чин шомили 20 ҳазор бастаи ташхиси “корона”

Аввалин маҳмулаи кумаки Чин шомили 20 ҳазор бастаи ташхиси “корона” вориди Эрон шуд.

Сафири Чин дар Теҳрон бо эъломи вуруди аввалин маҳмулаи кумаки ин кишвар, шомили 20 ҳазор бастаи ташхиси “корона” ба Эрон гуфт, ки кумакҳои бештар ирсол мешавад.

Ба гузориши “Форс”, Чанг Ҳуо, сафири Чин дар Теҳрон дақоиқе қабл аз вуруди аввалин маҳмулаи кумакҳои Чин барои муқобила бо “корона” хабар дод ва дар Твиттераш навишт: “Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин эълом кард, ки аввалин маҳмулаи Чин вориди Эрон шуд ва кумакҳои бештар ирсол хоҳанд шуд. Қавӣ бош Эрон!”

Пеш аз ин Сайид Аббоси Мусавӣ аз ирсоли кумакҳои Чин хабар дода ва гуфта буд, ки ин кумакҳо имрӯз (ҷумъа) вориди Эрон мешавад.

Мусавӣ бо баёни ин ки дарёфти кумакҳои довталабона аз кишварҳои дӯст пайгирӣ шуда, ки ба тадриҷ дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст, изофа кард, аввалин маҳмула дар ин замина тавассути давлат ва Салиби сурхи Чин таҳия шуда, ки шомили ҳудуди 20 ҳазор бастаи озмоиши “корона” ва бархе лавозими дигар аст, ки бар асоси барномарезии анҷомшуда рӯзи ҷумъа бо як парвози вижаи ҳавопаймои “Моҳон” вориди кишвар хоҳад шуд.

 

 

Назарҳо