Март 01, 2020 14:33 Asia/Dushanbe
  • Эрон: сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо бо гуфтугӯ байни афғонҳо бадаст меояд

Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба имзои тавофуқ байни Амрико ва Толибон таъкид кард, тавофуқи сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо аз тариқи гуфтугӯи байни афғонҳо бо мушорикати гурӯҳҳои сиёсии ин кишвар аз ҷумла Толибон ва бо дар назар гирифтани мулоҳизаҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бадаст хоҳад омад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе бо судури баёнияе эълом кард, Эрон аз ҳар таҳаввуле, ки ба сулҳу субот дар Афғонистон кӯмак кунад ва аз талошҳое, ки дар ин замина таҳти раҳбарии афғонҳо анҷом шавад, истиқбол ва ҳимоят мекунад.

Дар ин баёния бо ишора ба инки ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ғайриқонунӣ буда ва аз далелҳои аслии ҷанг ва ноамнӣ дар ин кишвар аст меафзояд, хуруҷи ин нерӯҳо лозимаи дасёбӣ ба сулҳу амният дар Афғонистон аст ва ҳар иқдоме, ки заминаи хуруҷи нерӯҳоро фароҳам кунад ба сулҳ дар ин кишвар кӯмак хоҳад кард.

Дар идомаи баёнияи Вазорати умури хориҷаи Эрон омдааст, иқдомоти Амрико талоше барои машруият бахшидан ба ҳузури нерӯҳояш дар Афғонистон аст ва Вашингтон ҷойгоҳи ҳуқуқӣ барои имзои қарордоди сулҳ ё таъини таклиф дар мавриди ояндаи Афғонистон надорад.

Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, Созмони Миллали Муттаҳид аз зарфиятҳои муносибе барои тасҳили музокироти байни афғонӣ ва низ назорат ва тазмини иҷрои тавофуқот бархурдор аст.

Дар ин баёния, Эрон зимни эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти сарзаминии Афғонистон, эъломи омодагӣ кард ҳаргуна кӯмакеро барои истиқрори сулҳ, субот ва амният дар Афғонистон пешниҳод кунад.

 

Барчасп

Назарҳо