Март 23, 2020 15:18 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Кӯмаки Амрико ба Эрон аз дурӯғҳои бузурги таърих аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Ин ки амрикоиҳо мегӯянд, ҳозиранд барои муқобила бо коронавирус ба Эрон кӯмак кунанд, як дурӯғи бузурги таърихӣ аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳури исломии Эрон имрӯз (душанбе) дар нишасти ҳайъати давлат, бо ишора ба иддаои мақомҳои амрикоӣ мабнӣ бар кӯмак ба Эрон, барои муқобила бо коронавирус афзуд: Таҳрими золимона ва ғайриқонунӣ ва террористӣ, ки аз тарафи Амрико бар мардуми Эрон таҳмил шуда, мушкилоти зиёде барои эрониён эҷод кардааст. 

Рӯҳонӣ таъкид кард: Амрикоиҳо агар мехоҳанд ба Эрон кӯмаке кунанд, аз масири фаъолияти эрониён дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла фурӯши нафт, табодулоти бонкӣ, дору ва ғизо ва ҳатто маводи аввалия канор бираванд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо таъкид бар ин, ки амрикоиҳо масъули бузургтарин ҷиноёти террористӣ дар минтақаи ғарби Осиё ва Эрон ҳастанд, гуфт: Дар ин шароит афкори амрикоиҳо зербинои тафаккури ғалат ва террористии онҳо барои дунё ошкортар шудааст.

Рӯҳонӣ бо баёни ин, ки мардум ва мақомоти эронӣ бо ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва ҳамнавоӣ, рӯзҳои сахтро пушти сар хоҳанд гузошт, тасреҳ кард: Ҷаҳон марҳуни фарҳанги ислом ва Эрон дар бисёре аз заминаҳои илмӣ ва беҳдоштӣ аст.

 

Барчасп

Назарҳо