Март 23, 2020 19:57 Asia/Dushanbe
  • Шодбоши наврӯзии Ҳасани Рӯҳонӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар посух ба паёми табрики наврӯзии ҳамтои тоҷикистониаш, фаро расидани соли навро ба Эмомалӣ Раҳмон ва давлату миллати Тоҷикистон табрик гуфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар паёми наврӯзии худ ба Эмомалӣ Раҳмон, бо табрики фаро расидани Наврӯзи бостонӣ, фасли шукуфоии замин ва оғози соли 1399 хуршедӣ таъкид кардааст, ки Наврӯз ин суннати кӯҳан ва бошукӯҳ, паёмовари ишқу меҳраварзӣ ва баҳор фасли дамидани рӯҳи ҳаёт дар колбади табиат ва ҳангомаи зудудани ғубори яъс аз тану ҷони одамиён аст. 

Рӯҳонӣ дар ин паём ҳамчунин аз ҳамзамонии оғози баҳор бо хӯрӯҷи коронавирус дар Эрон ва бисёре кишварҳо ибрози таассуф кардааст.

Раисҷумҳури Эрон дар поён, саломатӣ ва муваффақияти раисҷумҳур ва беҳрӯзии давлат ва мардуми азизиТоҷикистонро орзу кардааст.

 Пеш аз ин низ раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикӣ ба Ҳасани Рӯҳонӣ, Наврӯзро фарҳанги муштараки Эрон ва Тоҷикистон донист ва ибрози итминон кард: Мо дар оянда барои густариши пайвастаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои мухталифи байни ду кишвар ба таври муштарак талош хоҳем кард.

 

Барчасп

Назарҳо