Март 26, 2020 10:25 Asia/Dushanbe
  • Мусавӣ:Эрон дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар канори Афғонистон меистад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани ҳамлаи террористӣ ба як макони мазҳабии сикҳо дар шаҳри Кобул пойтахти Афғонистон, ки даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт, таъкид кард: Эрон дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар канори Афғонистон меистад.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯи Вазорати умури хориҷа, Саидаббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои доғдори ҳамлаи террористӣ ба як макони мазҳабии сикҳо дар шаҳри Кобул афзуд, террористҳо бо иқдомоти шарурона ва таҳмили ҳазинаҳои фаровон бар мардуми мазлуми Афғонистон, қатъан ба ҳадафҳои худ, ки доман задан ба ноамнӣ, бесуботӣ ва ихтилофоти мазҳабӣ дар ин кишвар аст, нахоҳанд расид.

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар пойгоҳи интрнетии худ масъулияти ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе ба маъбади сикҳо дар минтақаи Шурбозор дар маркази пойтахти Афғонистонро, ки 25 нафар кушта ва 8 нафар захмӣ шуданд, пазируфт.

Барчасп

Назарҳо