Март 26, 2020 13:01 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Помпео вазири нафрат аст на вазири хориҷа

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон чаҳоршанбешаб дар вокуниш ба изҳороти Майк Помпео- вазир умури хориҷаи Амрико бар асоси идомаи фишори ҳаддиаксарии Вашингтон алайҳи Эрон тасреҳ кард: Инсон мутааҷҷиб мемонад, ки оё Помпео вазири умури хориҷа аст ё вазири нафрат.

Ба гузориши ИРНО, Муҳаммадҷаводи Зариф дар Твиттер бо баёни ин ки ҳатто як бемории ҳамагир низ наметавонад монеъ аз интишори дурӯғ тавассути Майк Помпео шавад навишт: Помпео ҳар чи қадар талош кунад, наметавонад терроризми иқтисодӣ, куштори бегуноҳон, ихлол дар муборизаи ҷаҳонӣ алайҳи коронавирус ва ҷангталабии нангини худро инкор кунад.  

Вазири умури хориҷаи Амрико дар ҳоле, ки созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои мухталиф бар лузуми ҳамкорӣ бо Эрон дар мубориза бо коронавирус таъкид доранд, рӯзи чаҳоршанбе гуфт: Фишори ҳаддиаксарии Амрико бар Эрон идома меёбад.  

Дар ҳафтаҳои ахир ба дунболи шуюи коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон ва Эрон, ниҳодҳои байналмиллалӣ ва шумори зиёде аз мақомоти кишварҳои мухталиф аз ҷумла Туркия, Русия, Покистон ва Чин хостори бекор кардани таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико алайҳи Эрон шудаанд.  

Таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Вашингтон, ки шомили колоҳои асосӣ ва ҳатто доруӣ ва пизишкӣ мешавад боиси эҷоди мушкилоти фаровоне барои мардуми Эрон ба вижа беморони коронаӣ шудааст.  

Бо ин ҳол мақомоти давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бо бекор кардани  таҳримҳои ин кишвар алайҳи Эрон мухолиф ҳастанд.  

Амрико ба рағми мутолиботи ҷаҳонӣ барои бекор кардани таҳримҳо алайҳи Эрон, тайи чанд рӯзи гузашта чанд шахсият ва ширкати эрониро таҳрим кардааст.

Назарҳо