Март 26, 2020 15:33 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус; миллати Эрон гирифтори терроризми беҳдоштӣ ва дармонии Амрико

Рафтори Амрико дар баробари миллати Эрон аз терроризми иқтисодӣ гирифта то терроризми беҳдоштӣ ва дармонӣ дар ин рӯзҳои даргири вируси кушндаи корона, мисдоқҳои ошкори ҷинояти зидди башарият аст.

Ҳамаи иқдомоти танбеҳии Амрико зидди миллати  Эрон дар  22 моҳи гузашта дар пайи хуруҷи Вашингтон аз БАРҶОМ, поймолсозии тааҳҳудҳои байналмиллалӣ ва нодида гирифтани усули аввалияи ҳуқуқи башар аст, ки ҳатто аз вуруди маводди ғизоӣ, маводди доруӣ ва таҷҳизоти пизишкӣ ба Эрон ҷилавгирӣ кардааст.  

Дар ҳамин замина; Ситоди ҳуқуқи башари Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе ба муносибати рӯзи ҷаҳонии "Ҳақ бар донистани ҳақиқат ва каромати қурбониёни поймолсозии фоҳиши ҳуқуқи башар" эълом кард: Таҳримҳои ғайриқонунии Амрико бар баҳрамандӣ аз ҳамаи усули ҳуқуқи башар таъсири манфӣ гузошта ва ҳатто дар шароите, ки коронавирус ҳамагир шудааст, ин таҳримҳо ба вижа дар бахши дору зидди мардуми Эрон идома дорад.  

Ин рӯзҳо, ки шуюи вируси КОВИД- 19 ба унвони сахттарин чолиши ҷаҳонӣ ҳамаи кишварҳоро ҳадаф қарор додааст, миллати Эрон ба сабаби таъсири таҳримҳои ғайриқонунии Амрико бар зиндагӣ ва саломати онон, бузургтарин қурбонии поймолсозии ҳуқуқ‎и башари амрикоӣ аст.  

Иқдоми Амрико ва ҳамроҳии бархе кишварҳои аврупоӣ дар таҳрими таҷҳизоти пизишкӣ ва доруӣ сабаби коҳиши сифат ва суръат дар раванди ироаи хадамоти беҳдоштӣ ва пизишкӣ ба беморони коронаӣ дар Эрон шудааст, ки бо ҳаққи саломат дар моддаи 25-и эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар тафовут дорад. Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳар 10 дақиқа як шаҳрванди эронӣ ба сабаби коронавирус ҷони худро аз даст медиҳад, ки таҳримҳои Амрико ҳам дар ин фароянд нақш дорад.  

Дар ҳамин чорчуб; Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ахиран дар Твиттер навишт: Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико кинатӯзона ва бо ҳадафи хушкондани манобеи мавриди ниёзи Эрон барои ҷангидан бо коронавирус дар ҳоли ташдиди таҳримҳои ғайриқонунӣ аст дар ҳоле, ки шаҳрвандони Эрон бо бемории коронавирус ҷони худро аз даст медиҳанд.  

Таҳрими дору ва дигар имконоти пизишкӣ, таҳдиде мустақим зидди ҳаёти инсонҳо аст ва поймолсози бунёдитарин ҳаққи башарӣ аст, ки санги бинои дигар ҳуқуқи башарӣ маҳсуб мешавад.  

Дар чунин шароите, ки ҳаққи аввалияи зиндагии миллати Эрон ва дигар миллатҳо бо хатари коронавирус таҳдид мешавад, ҳамбастагӣ ва ҳамкории муштарак, авлавияти мубориза бо вируси кушндаи КОВИД- 19 аст.  Дар ин миён, ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон ва амал накардан ба таҳримҳои Амрико, масъулияти фаврии кишварҳост.  

Ҳар андоза мубориза бо коронавирус дар Эрон мавриди ҳимояти бештари кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ қарор гирад, ба ҳамон андоза саломат ва ҳаққи зиндагии дигар миллатҳои даргири коронавирус тазмин мешавад.  

Эрон шабонарӯз талоши фаровон дорад то манобеи худро барои шикасти коронавирус басиҷ кунад, аммо ба гуфтаи Маҷиди Тахтиравончӣ, намояндаи Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид, тавоноии Эрон барои мудирияти ин беморӣ ба сабаби таҳримҳои таҳмилии Амрико бар мардуми Эрон, маҳдуд аст. 

Дар ҳоле, ки феълан ҳеҷ чашмандози равшане барои маҳори бемории коронавирус дар ҷаҳон вуҷуд надорад, дастрасии фаврӣ ва осон ба ниёзҳои пизишкӣ ҳаққи ҳамаи миллатҳо аз ҷумла миллати Эрон аст. Акнун нақшофаринии мустақили кишварҳо ба вижа кишварҳои аврупоӣ барои амал накардан ба таҳримҳои Амрико зидди Эрон, иртиботи маънодоре бо муваффақияти муборизаи ҷаҳонӣ бо коронавирус дорад.

Барчасп

Назарҳо