Март 30, 2020 21:11 Asia/Dushanbe
  • Зариф:  давраи нишастан ва тамошои ғулдурии Амрико гузаштааст

Вазири умури хориҷаи Эрон тасриҳ кард: акнун вақти он фаро рас ида.ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши воқеии худро ифо карда ва ба таҳримҳои бешармона ва ғайри қонунии Амрико поён диҳад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар мақолае бо унвони Бо вирус биҷангед на бо мо, да рӯзномаи Камерсант чопи Маскав, ки рӯзи душанбе мунташир шуд, бо ишора ба шуюи вируси Корона дар саросари ҷаҳон ёдовар шуд: режими Амрико бо худхоҳи ва дарк накардани шарои ти ҳассоси кунуни, сиёсати хусуматварзӣ ва фишори ҳади аксарии худ бар ҷомиаи ҷаҳониро ба сатҳи бесобиқае аз зиддият бо инсоният ва ҳаёти инсонҳо расондааст.

Зариф бо баёни ин, ки таҳримҳои Амрико монеи хариди дору ва таҷҳизот аз сӯйи давлати Эрон мешавад, тасриҳ кард: ҷумҳурии исломии Эрн бо вуҷуди тавонманди дар низоми саломат ва дармон, ба далили инсиддоди ғайри қонунии манобеи молӣ аз сӯйи Амрико ва дастраси надоштан ба дору ва таҷҳизоти пизишкӣ бо бурузи фоҷиаи инсонӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Дар идоамаи ин  мақола омадааст: танҳо кори муфиде, ки Амрико метавонад дар мақтаи ҳасоси кунуни анҷом диҳад ин аст, ки дар муборизаи Эрон бо Корона ва кумакрасонии байналмилиллӣ санганозӣ ва эҷоди вақфа накунад.

Назарҳо