Март 31, 2020 21:37 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудёфтагони коронавирус  дар Эрон ба 14 ҳазору 656 нафар расид

Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард: То кунун 14 ҳазору 656 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Киёнуши Ҷаҳонпур- раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти  Эрон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон бо ишора ба ибтилои 44 ҳазору 606 нафар ба коронавирус  дар Эрон гуфт: Мутаасифона дар 24 соати гузашта яксаду 41 нафар аз беморони мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи қурбониёни ин беморӣ дар кишвар ба ду ҳазору 898 нафар расид. Раиси Маркази равобити умумии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин гуфт: Мушорикат дар тарҳи ғарболгари(муойина пешакӣ)-и коронавирус дар Эрон аз марзи 65 миллион нафар гузашт. Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати  Эрон бо кӯмаки нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (карантин) ва дармони афроди мубтало ба вируси корона бо ҳамроҳии ҳамаи ақшори мардуми Эрон, ба суръат дар ҳоли анҷом аст. Вируси корона, ки номи расмии он КОВИД-19 аст, авохири соли гузашта (2019) дар шаҳри Вуҳани Чин шиносоӣ шуд; ин вирус акнун илова бар Чин, тақрибан ба тамоми кишварҳои ҷаҳон низ сироят кардааст. Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 789 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 166 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва мутаассифона беш аз 38 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

 

Назарҳо