Апрел 05, 2020 14:19 Asia/Dushanbe
  • 
Фаъолиятҳои иқтисодии дорои хавфи кам дар Эрон дубора оғоз мешавад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: дар чорчӯби тарҳи фосилагузории ҳушманд, касбу корҳои мутавассит ва дорои хавфи кам дар Эрон метавонанд бо риояти дақиқи протоколҳои беҳдоштӣ, фаъолияти худро аз 11 апрел оғоз кунанд.

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон: "Ҳасан Руҳони" Раиси Ҷумҳури Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар ҷаласаи ситоди миллии мубориза бо каронавирус бо ишора ба пешниҳод ва тавсияи Вазорати беҳдошт ва дармон ва омӯзиши пизишкӣ мабни бар бозкушоии фаъолиятҳо дар кишвар ба сурати пиликонӣ ва тадриҷӣ афзуд: анҷоми фаъолияти иқтисоди ва риояти протоколҳои беҳдоштӣ   ду дар канори ҳам қобили иҷро аст.

Руҳони дар бораи бозкушоии маконҳои муқаддас  дар Эрон низ гуфт: ин маконҳо то 18 апрел таътил мемонад ва дар ҷаласоти оянда дар ин замина тасмимгирӣ хоҳад шуд.

"Саид Намаки" Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи панҷшанбе бо баёни инки Эрон дар заминаи муқобила бо коронавирус  тавонистааст беш аз 90 дар сади ҷамъият ҳадафро таҳти пушиш қарор диҳад гуфт: Эрон дар марҳилаи мудирияти бемории коронавирус  аст ва марҳилаи маҳор кардани бемориро дар пеш дорад.

Барчасп

Назарҳо