Апрел 06, 2020 12:35 Asia/Dushanbe
  • Хадамоти роягони Эрон ба шаҳрвандони хориҷии мубтало ба коронавирус

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба рӯйкарди ахлоқӣ ва исломӣ, пешниҳоди хадамот ба шаҳрвандони хориҷии сокини Эрон, ки мубтало ба коронавирус ҳастанд дар марокизи дармонии давлатии ин кишвар роягон аст.

Ба нақл аз Эрон-Пресс, Киёнуши Ҷаҳонпур бо баёни ин ки саломат аз ҳуқуқи аввалияи инсонҳост тасреҳ кард: Ҳар иқдоми беҳдоштӣ ва дармоние, ки барои мардуми Эрон анҷом мешавад, барои шаҳрвандони хориҷӣ ҳам ироа хоҳад шуд.

Ҷаҳонпур бо ишора ба душвориҳои низоми саломати Эрон дар муқобила бо коронавирус бо вуҷуди таҳримҳои якҷонибаи Амрико афзуд: Вазорати беҳдошти Эрон бо ин вуҷуд дар сурати бартараф шудани ниёзҳои дохилии кишвар, имконоти худро дар ихтиёри кишварҳои ҳамсоя ва ҳатто ҳамаи мардуми ҷаҳон қарор хоҳад дод.

Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин аз ғарболгари (аз пеш муойинакунӣ)-и беш аз 70 миллион нафар дар тарҳи беморёбӣ ва муқобила бо коронавирус дар ин кишвар хабар дод.

Ҷаҳонпур бо баёни ин ки ба ҷои ҳар як миллион нафар ҷамъият, Эрон аз лиҳози маргу мири афроди мубтало ба коронавирус дар рутбаи сездаҳуми ҷаҳон қарор дорад афзуд: Эрон ҳамчунин аз лиҳози теъдоди афроди беҳбудёфта низ дар рутбаи панҷум қарор дорад.  

Бар асоси охирин омор, то кунун аз маҷмӯи 58 ҳазору 226 нафаре, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, 22 ҳазору 11 нафари онҳо беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд ва се ҳазору  603 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Барчасп

Назарҳо