Апрел 06, 2020 21:13 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Рӯҳонӣ аз мувофиқати раҳбари муаззами инқилоб бо бардошти як миллиард евро аз Сандуқи тавсеаи миллӣ

Раисиҷумҳури Эрон аз мувофиқати раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо дархости бардошти як миллиард евро аз манобеи Сандуқи тавсеаи миллии Эрон барои муқобила ва мудирияти аворизи ношӣ аз шуюи вируси корона дар кишвар, қадрдонӣ кард.

Ба нвиштаи пойгоҳи иттилорасонии раёсатҷумҳурӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин дар номае ба Муҳаммадбоқири Навбахт, муовини раисҷумҳур ва раиси Созмони барнома ва буиҷаи Эрон дастур дод, ниёзҳои вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз манобеи Сандуқи тавсеаи миллӣ, таъмин ва ҳатталимкон аз тавлидоти дохилӣ ва бо истифода аз ширкатҳои донишбунён иқдом шавад. Бо вуҷуди шуюи вируси маргбори корона дар ҷаҳон ва лузуми муборизаи ҳамаҷониба бо он, Амрико ҳамчунон бар идомаи рӯйкарди таҳримии худ дар чорчуби сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ зидди Эрон, исрор дорад ва ба таври ғайриқонунӣ бархе манобеи молӣ ва амволи Эронро дар хориҷ аз Эрон масдуд кардааст. Бо ин вуҷуд, ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кумак нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афрод дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (карантин) ва дармони афроди мубтало ба вируси корона бо ҳамроҳии ҳамаи ақшори мардуми Эрон, ба суръат дар ҳоли анҷом аст.

Бар асоси охирин омор, токунун аз маҷмӯи 60 ҳазору 500 нафаре, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, 24 ҳазору 236 нафар онҳо беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд ва се ҳазору 739 нафар низ ҷонт худро аз даст додаанд.

 

Назарҳо