Апрел 07, 2020 19:55 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон ба садақаи Трамп ниёз надорад

Вазири умури хориҷии Эрон бо ишора ба ин ки ҷумҳурии исломӣ ниёзе ба садақаи давлати Амрико надорад, бар зарурати лағви таҳримҳои Вашингтон зидди Теҳрон таъкид кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи сешанбе дар ҳисоби твиттерии худ бо баёни ин ки Эрон ғанӣ аз манобеи инсонӣ ва табиӣ аст, таъкид кард, ҷумҳурии исломӣ ба садақаи Доналд Трамп, ки худаш маҷбур аст, дастгоҳҳои танаффусиро аз ҳамон манобее, ки таҳримашон кардааст, бихарад, ниёзе надорад. Вазири умури хориҷии Эрон ёдовар шуд, Теҳрон аз раисҷумҳури Амрико мехоҳад, то монеи фурӯши нафту дигар тавлидоти Эрон ва хариди ниёзҳову касб ва тавлиди даромад нашавад.

Бо вуҷуди шуюи вируси маргбори корона дар ҷаҳон ва лузуми муборизаи ҳамаҷониба бо он Амрико ҳамчунон бар идомаи рӯйкарди таҳримии худ зидди Эрон исрор дорад ва ба таври ғайриқонунӣ бархе манобеи молӣ ва амволи Эронро дар хориҷ аз Эрон масдуд кардааст.

 

Барчасп

Назарҳо