Апрел 10, 2020 15:51 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши раванди беҳбудии мубталоён ба вируси корона дар Эрон

Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, то кунун 35 ҳазору 465 нафар аз касоне, ки дар кишвар ба ин вирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: Дар 24 соати гузашта ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, як ҳазору 972 бемори ҷадиди мубтало ба ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд.

Ҷаҳонпур афзуд, бо эҳтисоби мавориди ҷадид, маҷмӯи беморони ковид -19 дар Эрон ба 68 ҳазору 192 нафар расид.

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин бо ишора ба фавти 122 нафар дар 24 соати гузашта гуфт, фавти ношӣ аз вируси корона дар Эрон ба 4 ҳазору 232 нафар расидааст.

Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кумаки нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афрод дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (қарантина) ва дармони афроди мубтало ба вируси корона бо ҳамроҳии ҳамаи ақшори мардуми Эрон, ба суръат дар ҳоли анҷом аст.

Назарҳо