Май 20, 2020 13:09 Asia/Dushanbe
  • Пешрафти Эрон дар заминаи контроли бемории Covid-19

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тӯли ҳафтаҳо ва моҳҳои гузашта, пешрафти бисёр хубе дар заминаи контроли бемории Covid-19 доштааст.

Christoph Hamelmann, намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Эрон рӯзи душанбе дар ҳошияи 73-умин Маҷмаи ҷаҳонии саломат, ки ба сурат видеоконфронс баргузор шуд, бо баёни ин матлаб таъкид кард, акнун ҳеҷ мушкиле дар ин замина дар Эрон вуҷуд надорад ва беморон хадамоти тахассусии мавриди ниёзро дарёфт мекунанд.

Hamelmann бо ишора ба кумакҳои Созмони Милал ва ожонсҳои вобаста ба ин ниҳод аз ҷумла Созмони Ҷаҳони Беҳдошт, ба Эрон, хотирнишон кард, акнун Эрон бо афзоиши зарфияти тавлиди дохилӣ дар заминаи либосҳои ҳифозатӣ, моск ва таҷҳизоти пизишкӣ, аз ҷумла  дастгоҳҳои кумактанаффусӣ ва ҳатто содироти бастаҳои ташхисӣ рӯбарӯ аст.

Нуктаи ҳоизи таваҷҷуҳ дар ин раванд иқдомоти густурдаи беҳдоштӣ ва пешгирона аст, ки сабаби контроли бемории Covid-19 дар Эрон шуда ва мизони маргу мир ба шиддат коҳиш ёфтааст. Муваффақият дар ин замина дар марҳалаи аввал ба мизони талош барои ҷилавгирӣ аз шуюи ин вирус бо иқдомоти пешгирона ва дар пеш гирифтани усули беҳдоштӣ бастаги дорад. Гоми дувум шиносоии мубталоён ба корона ва талош барои наҷоти афрод аст. Дар марҳалаи сеюм низ муҳиммтарин иқдом эҷоди фосилаи иҷтимоӣ ва қарантини афроде аст, ки машкук ба бемории Covid-19 ҳастанд. Ин се марҳала дар Эрон бо таъйиди Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бо муваффақият иҷро ва пайгирӣ шудааст.

Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи душанбе дар ҳафтоду севумин Маҷмаи ҷаҳонии саломат, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, бо қадрдонӣ аз нақши муҳимми Созмони Ҷаҳони Беҳдошт дар ҳимоят ва ҳамоҳанги барои муборизаи ҷамъӣ бо ҳамагирии вируси корона, таъкид кард, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт сазовори ҳимоят аст, на инки тавассути бархе кишварҳо ҷарима шавад.

Изҳороти вазири беҳдошти Эрон ва ҳамчунин суханони намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар бораи тавонмандиҳои Эрон дар контроли шуюи корона ва дармони беморон  ба ду мавзӯи муҳимм ишора дорад. Мавзӯи нахуст, ки дар изҳороти Hamelmann, намояндаи Созмони Ҷаҳони Беҳдошт дар Эрон баён шуд ,пешрафтҳои қобили таҳсини пизишки дар Эрон ватаъомули ҳама ҷониба бо Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар заминаи муқобилаи фарогир бо ин вирус аст, ки ифтихори бузурге барои Эрон маҳсуб мешавад.

Мавзӯъи муҳимми дигар, баҳси таҳримҳои зидди башарии Амрико дар шароити сахти ношӣ аз буҳрони корона аст. Амрико аз яксӯ саъй дорад бо ташдиди таҳримҳо шароитро барои Эрон душвор созад ва аз сӯи дигар бо фарофиканӣ, Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро ҳам таҳти фишори молӣ қарор додааст то ба ин равиш камкорӣ ва ифтизоҳот дар наҳваи мудирияти буҳрони корона дар Амрикоро тавҷеҳ кунад.

Ҷамол Заҳрон, устоди улуми сиёсӣ ва равобити байналмилал дар матлабе, ки рӯзи ҷумъа дар рӯзномаи лубнонии "Албано" мунташир шуд, тадовуми таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон дар шароити коронаро ҷиноят алайҳи башарият донист ва навишт, раиси ҷумҳури Амрико мустаҳиққи муҳокима дар Девони байналмилалии кайфарӣ аст.

Идомаи ин рафтор аз сӯи Амрико қатъан ба зиёни ҳамаи кишварҳо ва ҳатто мардуми Амрикост. Ҳамонгуна, ки вазири беҳдошти Эрон гуфтааст, ҳамбастагии ҷаҳонӣ ва ҳамкории байналмилалӣ барои ғалаба бар ҳамагирии вируси корона аҳамияти ҳаётӣ дорад ва ба ҳамон андоза низ дастрасии одилона ва ба мавқеъи ҳамаи кишварҳо ба доруҳо ва воксанҳо ҳоизи аҳамият аст.

 

Назарҳо