Май 21, 2020 22:20 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Вазорати хориҷаи Эрон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс

Вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, Рӯзи Қудс, рӯзи таҷаллии ваҳдат ва ҳамбастагӣ ва бедороии уммати исломӣ дар роҳи озодии аввалин қиблаи мусалмонон ва муқобила бо саҳюнизм ва истикбори ҷаҳонӣ аст.

Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе бо судури баёнияе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс тасреҳ кард: Охирин ҷумъаи моҳи мубораки рамазон, ёдовари як муносибати муҳими ҷаҳонӣ аст, ки ба ибтикори Имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон, ба унвони Рӯзи ҷаҳонии Қудс ба сабт расид, то якпорчагӣ ва инсиҷоми мусалмонони ҷаҳонро дар ҳимоят аз муборизаи мардуми Фаластин бо ишғолгарони саҳюнист иброз намояд.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Эрон омадааст: Шаҳри Байтулмуқаддас ба унвони бахше аз сарзамини Фаластин, аз оғози ишғоли ин сарзамин, аз дастбурди саҳюнистҳои ғосиб ба осори исломӣ, таърихӣ ва ҳуввиятии худ дар амон намонда ва дар чорчӯби сиёсати яҳудисозии он, рӯз ба рӯз амокин ва маҳаллоти қадимӣ ва исломии ин шаҳр вайрон, сокинони аслӣ овора ва муҳоҷирони саҳюнисти бештаре дар ин шаҳри муқаддас искон дода шудаанд.

Вазорати умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар тадовуми сиёсати Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳимоят аз муборизаи мардуми Фаластин ва муқобила бо ишғолгарони ҷинояткор, аз ҳамаи миллатҳои мусалмон ва озодихоҳи ҷаҳон хост, то бо эъмоли фишор бар давлатҳо ва ниҳодҳои расмӣ ва ҳуқуқии байналмилалӣ, онҳоро ба анҷоми вазифаи қонунӣ ва инсонии худ дар ҳимоят аз ҳуқуқи мардуми Фаластин ва поёни ишғолгарӣ ва таваққуфи ҷиноёти ваҳшиёнаи саҳюнистҳо водор кунанд.

 

Барчасп

Назарҳо