Май 24, 2020 16:35 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз 105 ҳазор нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 105 ҳазору 801 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар кишвар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон, рӯзи якшанбе, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бороаи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар Эрон тасреҳ кард: Дар 24 соати гузашта 2180 бемори ҷадид шиносоӣ шудаанд.

Ҷаҳонпур афзуд: Аз байни мубталоёни ҷадид, 364 маврид бистарӣ ва 1816 маврид сарпоӣ ва аз афроди дар тамос бо мубталоён буданд, ки шиносоӣ шуданд ва маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 135 701 нафар расид.

Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 58 бемор дар 24 соати гузашта гуфт: Фавти ношӣ аз коронавирус дар Эрон ба 7 417 нафар расидааст.

 

Барчасп

Назарҳо