Май 24, 2020 20:37 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики вазири дифои Эрон ба вазирони дифои кишварҳои исломӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон иди саиди Фитрро ба вазирони дифои кишварҳои исломӣ табрик гуфт.

Имрӯз (якшанбе ) дар бисёре аз кишварҳои исломӣ аввали моҳи шаввол ва иди саиди Фитр аст.

Амир Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар паёме ҷудогона, зимни табрики иди саиди Фитр ба вазирони дифои кишварҳои Ироқ, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Афғонистон, Покистон, Туркманистон, Сурия,Қатар, Кувейт, Уммон, Туркия, Индонезия, Алҷазоир, Малайзия, Нигер, Малӣ, Танзания, Чад, Босния ва Герсоговина, Сенегал, Тунис, Мавритания, Яман, Бангладеш ва Нигерия афзуд:

Иди рамазон рӯзи шукргузорӣ ба даргоҳи ҳақ таоло аст, ки худованд дар зулмати ҷисм, чароғи равшани фитратро ниҳод, то ҳамеша партавафшон ва ҳаётбахш бошад.

Пеш аз ин, Муҳаммад Боқирӣ, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар паёме, фаро расидани иди саиди Фитрро ба раисони ситоди нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои исломӣ табрик гуфт.

 

Барчасп

Назарҳо