Июн 01, 2020 13:25 Asia/Dushanbe

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Дунё садои мазлумияти мардуми Амрикоро шунида ва канори онҳо истодааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидаббоси Мусавӣ дар нишасти хабарии ҳафтагӣ бо хабарнигорон, дар паёме ба забони англисӣ хитоб ба мардуми Амрико гуфт: Дунё садои мазлумияти шуморо шунида ва канори шумо истодааст.

Мусавӣ афзуд: Режими Амрико хушунат ва зӯргӯиро ҳамзамон дар дохил ва хориҷ аз Иёлоти Муттаҳида  думбол мекунад.  

Сухангӯи Вазорати  умури хориҷаи  Эрон афзуд: Аз саҳнаҳои хушунатборе, ки ин рӯзҳо полиси Амрико дар пеши чашми мардуми ҷаҳон халқ мекунад ва бемулоҳиза ва бо ҳаддиаксари хушунат мардумеро, ки ба сурати мусолиматомез хостори эҳтиром ва таваққуфи хушунат ҳастанд саркуб мекунад, бисёр мутаассифем.

Вай ҳамчунин ба давлат ва полиси Амрико, гуфт: Хушунатҳо алайҳи мардуми худро мутаваққиф кунед ва бигузоред онҳо нафас бикашанд.

Бо вуҷуди эъломи қонуни манъи омаду шуд ва ҳукумати низомӣ дар шаҳрҳои мухталифи Амрико аз ҷумла Вашингтон, эътироз ба хушунати полиси Амрико алайҳи рангинпӯстон ҳануз дар шаҳрҳои бузург ва кучаки ин кишвар идома дорад ва неруҳои амниятӣ низ ба боздошти муътаризон идома медиҳанд.

Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гузориш дод: Шумори боздоштиҳои эътирозот дар Амрико ба чаҳор ҳазору 100 нафар афзоиш ёфтааст ва панҷ нафар низ дар даргирӣ бо неруҳои полис кушта шуданд.

Ҳафтаи гузашта полиси шаҳри Миннеаполис дар иёлати Миннесота, Ҷорҷ Флойд- шаҳрванди сиёҳпӯстро ба шакли ҳавлноке ба қатл расонд ва интишори видеои ин ҷинояти полиси Амрико хашми мардуми ин кишварро барангехтааст.

 

Барчасп

Назарҳо