Июн 01, 2020 16:24 Asia/Dushanbe
  •  Руҳонӣ: Эрон ҳамвора дар канори давлат ва миллати Афғонистон ҳаст

Раиси Ҷумҳурии Эрон ба ҳамтои афғони худ гуфт Эрон барои тавсеаи сулҳ, субот ва амният дар Афғонистон ҳамвора дар канори давлат ва миллати ин кишвар аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ рӯзи душанбе дар тамоси телефонии  Раиси Ҷумҳурии Афғонистон  Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ҳамчунин аз тавофуқ миёни гурӯҳҳои сиёсӣ дар ин кишвар ибрози хурсандӣ кард ва гуфт: Эрон густариши субот ва амният дар Афғонистонро дар чорчӯби тавсеаи субот ва амнияти минтақа медонад.

Вай ишора ба иқдомот ва муваффақиятҳои Эрон дар мубориза бо корона ва ироаи хадамоти ройгонӣ ва беҳдоштӣ ба муҳоҷирони афғонистонӣ низ гуфт: ин хидматрасонӣ бо ҳамин раванд идома хоҳад дошт.

 Оғои Руҳонӣ  илова намуд, ки барои суръат бахшидан ба иҷрои созишномаҳо ва лоиҳаҳои дуҷониба, аз ҷумла роҳи оҳани Хаф Эрон-Ҳирот дар Афғонистон, ҳамчун яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои иқтисодии ду кишвар бояд кӯшишҳо ба харҷ дода шаванд.

Ашраф Ғанӣ низ кӯмакҳо ва ироаи хадамоти дармонӣ ба муҳоҷирони афғонистониро бисёр арзишманд донист ва аз давлат ва миллати Эрон қадрдонӣ кард.

Раисҷумҳури Афғонистон ҳамчунин бо ишора ба нақши созандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар субот ва амнияти минтақа, хостори ҳимояти Теҳрон аз раванди сулҳ ва гуфтугӯ дар Афғонистон шуд. 

Барчасп

Назарҳо