Июн 03, 2020 11:00 Asia/Dushanbe
  • Тасалияти солрӯзи иртиҳоли имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон

Имрӯз чаҳоршанбе чаҳордаҳуми хурдоди 1399 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо 3 июни 2020 ва сию дувумин солрӯзи риҳлати ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои  Хуросон, 31 соли пеш  дар чунин рӯзе, Руҳуллоҳ Мусавии Хумайнӣ (раҳ), раҳбари кабири инқилоби исломии Эрон, пас аз 87 сол зиндагии пурталош ва хастагинопазир, чашм  аз  ҷаҳон фуру бастанд ва ба дидори ҳақ шитофтанд.

Имом  Хумайнӣ (раҳ) муборизоти худро аз соли 1342 ҳиҷрии шамсӣ бо режими истибдодии шоҳ ва мудохилоти Амрико дар Эрон оғоз карданд  ва  саранҷом  тавассути режими шоҳ ба Туркия ва сипас ба Ироқ  табъид  шуданд.

Имом Хумайнӣ (раҳ) дар муддати  сездаҳ  соли  табъид  дар Ироқ, илова бар тарбияти шогирдони бисёр, ба ифшогарии моҳияти фосиди режими шоҳ ва тамаъгариҳои номашруи Амрико дар Эрон пардохтанд ва бо судури эъломияҳои равшангар, заминаҳои пирӯзии инқилоби исломиро фароҳам карданд.

Саранҷом пас аз авҷгирии мубориза ва ҳиҷрати имом ба Фаронса ва сипас бозгашти шукӯҳмандонаи ишон ба Эрон, инқилоби исломии Эрон дар соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ ба пирӯзии ниҳоӣ расид.

Пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ, бо вуҷуди тавтеаҳои қудратҳо ва душманони дохилӣ ва хориҷии инқилоб аз ҷумла ҷанги таҳмилии режими баъси Ироқ алайҳи Эрон, имом Хумайнӣ (раҳ) дар шароити сахт ва душвори он давра, мардуми Эронро бо дироят ва шуҷоат, раҳбарӣ карданд.

 

Назарҳо