Июн 03, 2020 11:59 Asia/Dushanbe
  • Оғози суханронии раҳбари  муаззами инқилоб дар сию дувумин солрӯзи иртиҳоли ҳазрати имом  Хумайнӣ (раҳ)

Суханронии раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон ба муносибати сию дувумин солрӯзи иртиҳоли ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, имрӯз (чаҳоршанбе), чаҳордаҳуми хурдоди 1399 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо севуми июн мусодиф бо сию дуввумин солрӯзи иртиҳоли ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) аст.

Баёноти ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз сайт, Инстаграм ва Твиттери KHAMENEI.IR ва шабакаҳои Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии  Эрон аз ҷумла Эрон Пресс ба сурати зинда  дар ҳоли пахш аст.

Маросими солгарди  риҳлати бунёнгузори кабири инқилоби исломӣ, ки ҳар сол бо суханронии ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ) баргузор мешуд, бо таваҷҷуҳ ба дастуруламалҳои беҳдоштии Ситоди  миллии  мубориза бо корона бар асоси ҷилавгирӣ аз таҷаммӯот, имсол дар ҳарами мутаҳҳар баргузор  намешавад.

 

Назарҳо