Июн 03, 2020 12:41 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Имом Хумайнӣ (раҳ), иродаи абарқудратҳоро шикастанд ва онҳоро таҳқир карданд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин ки имом Хумайнӣ (раҳ) ва коргузорони ишон абарқудратҳоро шикаст доданд, таъкид карданд: Имом Хумайнӣ (раҳ) собит карданд абарқудратҳо зарбапазир ва шикастпазиранд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе  дар суханронии телевизионӣ ба муносибати сиюдувумин солрӯзи реҳлати ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, таҳаввул  дар нигоҳ ба қудратҳои ҷаҳонӣ ва абарқудратҳоро аз иқдомоти имом Хумайнӣ (раҳ) донистанд ва тасреҳ карданд: Он замон ҳеҷ кас фикр намекард бархилофи иродаи  Амрико битавон коре кард, аммо имом Хумайнӣ (раҳ) коре карданд, ки худи раисони ҷумҳури Амрико гуфтанд, ки ишон моро таҳқир кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин ки имом Хумайнӣ (раҳ) ба маънои ҳақиқии калима  дар миллати Эрон таҳаввул(дигаргунӣ) ба вуҷуд оварданд, таъкид карданд: Ишон эҳсоси ҳақорат дар мардуми Эронро ба эҳсоси  эътимод ба нафс ва иззат табдил карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Мардуми Эрон қабл аз наҳзат  бо масоили асосии худ сару коре надоштанд ва саргарми масоили шахсии худ буданд, аммо вуруд ба майдони мутолиба он ҳам мутолибаи чизҳои бузург ва муҳимро имом Хумайнӣ (раҳ) эҷод карданд ва ҳамин миллати  таслимро табдил ба як миллати мутолибагар карданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки имом Хумайнӣ (раҳ) як инсони таҳаввулхоҳ ва таҳаввулофарин буданд, афзуданд: Агар гурӯҳе аз мардум як мутолибае аз дастгоҳи он замон доштанд, мутолибот  дар сатҳи  асфалт кардани як кӯча буд, аммо имом Хумайнӣ (раҳ) мутолибаи мардумро ба истиқлол, озодӣ ё “на шарқӣ ва на ғарбӣ” баланд  бардоштанд.

Раҳбари инқилоб «эҷоди  таҳаввул дар мабонии маърифати корбурдӣ ва ворид кардани фиқҳ  дар арсаи низомсозӣ ва идораи кишвар» ва низ «пофишорӣ бар  маънавият  дар айни нигоҳи  навгароёна ба масоил»- ро ду натиҷаи ошкори нигоҳи таҳаввулангези Имоми роҳил баршумурданд.

Ҳазрати  оятуллоҳ  Хоманаӣ «таҳаввули асосӣ дар нигоҳ ба ҷавонон ва насли ҷавон»- ро аз дигар осори муборак ва амиқи рӯйкарди таҳаввулии имом Хумайнӣ хонданд ва афзуданд: Супурдани  корҳои  бузург  ба  ҷавонон ва истифода аз онон ба унвони сарват ва захираи миллӣ, равиши равшани Имом буд;  албатта  он  бузургвор  дар айни  ҳол ба афроди  ғайриҷавон низ ба унвони сарвати миллӣ эътимод мекарданд, ки ин воқеият низ дар интисоботи  ишон машҳуд(ошкор) аст ва акнун низ ҳамчунон, ки гуфтаем  бояд  ҳамин  нигоҳ ва равиш  мадди назар  бошад.

Ишон дар баёни дигар натоиҷи бисёр муҳими нигоҳи таҳаввулхоҳи Имом, истодагӣ ва таҳқири абарқудратҳоро мавриди таваҷҷуҳ  қарор  доданд ва афзуданд: Замоне касе ҳатто тасаввур  намекард  бишавад  рӯи  ҳарфи  Амрико ҳарф  зад, аммо имом Хумайнӣ бо эҷоди  таҳаввул  дар нигоҳ  ба  абарқудратҳо, онҳоро таҳқир ва собит кард, ки зӯргӯёни  ҷаҳонӣ зарбапазиранд, ки ин ҳақиқат дар фурупошии Шуравии собиқ ва вазъияти имрӯзи Амрико машҳуд аст.

Раҳбари инқилоби  исломӣ бо  таъкид  бар ин ки Имом, «имоми таҳаввул» буд афзуданд: Муҳимтарин  нукта  ин аст, ки Имом, ки омили аслии ин таҳаввулот буд, ба дурустӣ ҳамаи онҳоро аз  Худо медонист.

Ҳазрати оятуллоҳ  Хоманаӣ, «пешрафтҳо ва ҳаракати илмии кишвар», «тавонмандиҳои  дифоъӣ  ва расидан  ба наздикии марзи  боздорандагӣ» ва «чеҳраи қудратманди Ҷумҳурии исломӣ  дар арсаи сиёсӣ»- ро намунаҳое аз пешрафт ва ҳаракати таҳаввулӣ  дар даврони баъд аз Имом баршумурданд  ва  хотирнишон  карданд:  Дар ин 30 сол бо вуҷуди  пешрафт ва таҳаввул  дар  арсаҳои  гуногун, дар бархе  маворид  дар  зерсохтҳо  таҳаввул  ба вуҷуд омад, аммо ба феълият нарасид ва дар бархе маворид  ҳам ақибгард  ва пасрафт  доштем, ки таассуфбор  ва ғайри қобили  қабул аст.

Ишон, нуқтаи муқобили инқилобро, ки табиати он «навоварӣ, таҳаввул, пешрафт ва ҷаҳиш» аст, «иртиҷоъ»(вопасгароӣ) хонданд  ва афзуданд: Пешрафт ва ё пасрафти инқилобҳо бастагӣ ба иродаи инсонҳо дорад, зеро агар инсонҳо дар масири дуруст ҳаракат  накунанд, Худованд  неъмати  худро  аз онҳо хоҳад гирифт, бино барин бояд  ба шиддат муроқиб ва ҳушёр буд, ки дучори чунин вазъияте нашавем.

Раҳбари инқилоби исломӣ бо таъкид бар инки «Мо қодир ҳастем дар бахшҳои мухталифи  тамаддунии кишвар ва низом, таҳаввул эҷод кунем ва аз банда, ҷавонон, нухбагон ва мардум интизор аст ба фикри эҷоди таҳаввул дар бахшҳои мухталиф бошем», ба бархе илзомоти эҷоди таҳаввул ишора карданд.«Қонеъ набудан ба доштаҳо ва доштани рӯҳияи таҳаввулхоҳӣ ва пешрафти мустамар ва афзудан бар доштаҳо» аввалин нуктае буд, ки Раҳбари инқилоб ба он ишора карданд ва гуфтанд: Таҳаввулхоҳӣ лузуман ба маънои эътироз нест ва ё набояд ҳатман баъд аз шикаст ба фикри таҳаввул афтод, балки таҳаввул яъне майли мустамар  ба шитоб ва суръат гирифтан дар ҳаракат ва иҷтиноб аз таҳаҷҷур ва пофишорӣ бар машҳурот(дидгоҳҳо)и ғалат.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, таҳаввули саҳеҳро ниёзманди пуштвонаи фикрӣ донистанд ва бо таъкид бар инки таҳаввулро набояд бо «истиҳолаи фикрӣ» иштибоҳ гирифт, афзуданд: Таҳаввул бояд рӯ ба пеш бошад, дар ҳоле ки масоиле ҳамчун таҷаддуд ва ғарбгароӣ, ки дар даврони паҳлавӣ матраҳ шуд, салби ҳувияти динӣ ва миллӣ ва таърихии миллати Эрон ва ба иборате «марги тамаддунӣ» буд.

 Раҳбари инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: Дар таҳаввул, суръат муҳим аст, аммо ин суръат бо шитобзадагӣ ва корҳои аҷулонаи сатҳӣ мутафовит аст; зимн онки дар таҳаввул бояд як дасти ҳидоятгари мутмаин вуҷуд дошта бошад.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома ба чанд намуна аз мавориде, ки дар Эрон ниёзманди таҳаввул аст, ишора карданд ва афзуданд: Дар масоили иқтисодӣ «қатъи вобастагии иқтисод аз нафт ва будҷабандии амалиётӣ», дар масоили омӯзишӣ «фоидамеҳвару умқӣ ва корбурдӣ шудани дарсҳо дар марокизи омӯзишӣ», дар масоили иҷтимоӣ «таъмини адолат» ва дар масоили хонавода ва мавзӯъи решакании эътиёд(нашъамандӣ) ва ҳамчунин ҷилавгирӣ аз пир шудани кишвар, ниёзманди ҳаракатҳои таҳаввулӣ ҳастем.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ шарти эҷоди таҳаввулро «натарсидан аз душман ва душманиҳо» баршумурданд ва афзуданд: Дар муқобили ҳар иқдоми мусбат ва кори муҳим мухолифоне вуҷуд дорад, масалан дар фазои маҷозӣ ғолибан навъи мухолифатҳо тез ва озордиҳанда аст ё ҷабҳаи васеи аз душмани хориҷӣ вуҷуд дорад, ки бо ҳар ҳаракати ба салоҳи кишвар  муқобила мекунад ва императории таблиғотии вобаста ба саҳюнистҳо низ онро мекӯбад, вале дар анҷоми як кори ҳисобшуда набояд мулоҳизаи ин мухолифатҳо ва душманиҳоро кард.

 Ишон роҳи ғалаба бар тарс аз душманиҳоро ҳузури нируҳои ҷавон, натарс ва бидуни мулоҳиза дар саҳна донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ  Хоманаӣ  ҳодисаҳои  ҷории  ин рӯзҳои Амрикоро  бурузи  воқеиятҳои  пинҳоннигаҳдошташудаи Амрико донистанд ва гуфтанд: Зонӯ задани полис  бар рӯи гардани як сиёҳпӯст ва фишор  додани он то ҷон бохтани шахс ва тамошои ин саҳна аз тарафи чанд  полиси  дигар, чизи ҷадиде нест, балки ҳамон ахлоқ ва табиати  ҳукумати Амрико аст, ки қаблан низ  бо  бисёре  аз кишварҳои  дунё мисли Афғонистон, Ироқ, Сурия ва қабл аз он дар Ветнам, ҳамин корҳоро  кардаанд.

Ишон шиори имрӯзи мардуми Амрико  яъне «наметавонем нафас бикашем»- ро ҳарфи дили ҳамаи миллатҳои  таҳти зулм  донистанд  ва  афзуданд: Аалбатта  амрикоиҳо бо рафторҳояшон  дар  дунё  расво шудаанд. Он аз мудирияти заифашон дар корона, ки ба иллати фасоди  мавҷуд  дар ҳайати ҳокимаи  Амрико талафот  ва мубталоён  ба беморӣ дар  Амрико чандин баробари  кишварҳои  дигар  аст  ва ин ҳам аз бархурди вақеҳонаашон бо мардум, ки ошкоро ҷиноят мекунанд, узрхоҳӣ  ҳам намекунанд  ва баъд  ҳам мегӯянд  ҳуқуқи башар,  гӯё он марди сиёҳе, ки кушта шуд, башар  набуд  ва ҳуқуқе надошт. Ҳазрати  оятуллоҳ  Хоманаӣ  бо ишора  ба  эҳсоси  хиҷолат  ва сарафкандагӣ баҷои миллати  Амрико  аз  ҳукуматҳои худ ва ҳукумати феълияшон афзуданд: Бо ин вазъи пешомада, бархе аз эрониҳои дохил ё хориҷ  аз кишвар  ҳам, ки шуғлашон ҳимоят аз Амрико буд, дигар  наметавонанд сар баланд кунанд.

Назарҳо