Июн 04, 2020 18:13 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҷиноёти Амрико зидди мӯътаризони ин кишвар маҳкум аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Эрон ҷиноёти Амрико дар саркӯби мӯътаризон ба табъизи нажодӣ дар ин кишварро маҳкум мекунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии  Эрон рӯзи панҷшанбе, дар маросими баҳрабардорӣ аз тарҳҳои ҳавзаи нерӯ, ки ба сурати видеоӣ баргузор шуд, бо баёни ин, ки ин ифтитоҳҳо, посухи қатъӣ ба душманиҳои Амрико ва Исроили ҷинояткор аст афзуд:

То поёни сол, 18 воҳиди нерӯгоҳии ҷадид дар Эрон ифтитоҳ мешавад.

Рӯҳонӣ бо баёни ин, ки тазоҳуроти мардумӣ дар Амрико нишон медиҳад, ин кишвар дар яке аз бадтарин даврони таърихи худ қарор дорад, гуфт:

Нажодпарастии давлати Амрико, зулми бузурге ба сиёҳпӯстон дар ин кишвра аст.

 

Барчасп

Назарҳо