Июн 06, 2020 17:01 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Зариф ба тозатарин изҳороти Трамп дар бораи тавофуқ бо Эрон

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба тозатарин изҳороти Трамп дар бораи тавофуқ бо Эрон дар саҳифаи шахсии худ дар фазои маҷозӣ, навишт: Оқои Трамп, мо барағми талошҳои «зердастон»-и шумо, ба як табодули башардӯстона даст ёфтем, зимни инки мо дар замони бар сари кор омадани шумо як тавофуқ доштем.

Зариф  таъкид  кард: Эрон ва дигар шарикони БАРҶОМ, ҳаргиз мизи гуфтугӯро  тарк накарданд. Мушовирони шумо, ки бештари  онҳоро ҳам барканор  кардаед, даст ба қимори аҳмақонае заданд. Инки чи замоне тасмим бигиред, ин масъаларо ислоҳ кунед, ба худатон марбут аст.

Доналд Трамп дар саҳифаи расмии Твиттери худ зимни қадрдонӣ аз Эрон барои озодсозии  Майкл Вайт- зиндонии амрикоӣ хитоб ба мақомоти  эронӣ навишт: Барои расидан ба тавофуқи бузург  то баъд аз интихоботи  Амрико мунтазир намонед.

Раиси ҷумҳури Амрико фикр мекунад  метавонад ҳамон рафтори густохонаеро, ки аз замони расидан ба қудрат, дар мавриди бархе кишварҳои минтақа бакор гирифтааст, дар мавриди Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам пиёда кунад. Албатта амрикоиҳо бо рафторҳояшон дар дунё расво шудаанд ва шиъори имрӯзи мардуми Амрико, ки дар маҳкумияти қатли фаҷеъ ва нажодпарастонаи як шаҳрванди сиёҳпӯст бадасти як афсари полиси Амрико яксадо фарёд мезананд «наметавонем нафас бикашем» гӯёи ҳамин воқеият аст.

Имрӯз барои Трамп, ки ба шиддат гирифтори масоили дохилӣ ва эътирозоти васеъи мардумӣ ва мушкилоти бархоста аз шуйюи густурдаи коронавирус ба иллати заъфи мудирият шуда, бештар равшан мешавад, ки даврони сиёсатҳои зӯргӯёна ва боҷхоҳона ба бунбаст расидааст ва то замоне, ки Амрико даст аз сиёсатҳои ғалати худ бар надорад, аз бунбаст хориҷ намешавад.

Бадеҳӣ аст, ки ҳадафи дипломосии Амрико музокира нест балки сиёсате бо моҳияти таҳоҷумӣ  аст .Твиттҳое аз навъи пешниҳод барои музокира ва тавофуқ , дар воқеъ сохта ва пардохтаи зеҳни ошуфтаи раиси ҷумҳури Амрико ва мушовиронаш ва бархоста аз дугонаи ғалати «таҳдид - музокира» аст. Дар твитти ахири Трамп низ хатти пурранге аз чунин рӯйкардеро метавон мушоҳида кард, ки саъй дорад ба афкори умумӣ ингуна илқо кунад, ки Амрико метавонад  Эронро ба пойи мизи музокира бикашонад.

Алии Шамхонӣ- дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон низ рӯзи ҷумъа дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навишт: Вазъияти Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико чи дар тақобулҳои байналмиллалӣ, чи дар ифтизоҳи мудирияти корона ва чи дар оташафрӯзии нажодпарастона дар дохили Амрико ба қадре хароб аст, ки тимаш чорае ҷуз тавлид ва намоиши муваффақиятҳои сохтагӣ барои ӯ надоранд.

Дар бораи чарои адами музокираи Эрон бо Амрико, баёноти  раҳбари муаззами инқилоб дар муносибатҳои мухталиф сареҳтарин посухро медиҳад.

Ҳазрати оятуллоҳ  Хоманаӣ- раҳбари муаззами инқилоби исломӣ; дар ҳамин хусус дар баёноте  дар ибтидои ҷаласаи дарси хориҷи фиқҳ дар оғози соли таҳсилии ҳавзаҳои илмия, ҳадафи амрикоиҳо аз музокираро на ёфтани роҳи ҳалли одилона, балки таҳмили хостаҳои густохона донистанд ва гуфтанд: Сиёсати  давлати Амрико, фишори ҳаддиаксарӣ ба Эрон дар қолаби таҳримҳои гуногун, таҳдид ва ёвагӯӣҳои мухталиф аст, чаро ки давлати кунунии Амрико муътақид аст бо таоруф наметавон ҷумҳурии исломиро ба зону дароварад ва водор ба қабул кард.  Ишон афзуданд: Барои ҳамин аст, ки масъулони кишвар аз раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷа ва дигарон, яксдо эълом карданд, ки бо Амрико музокира нахоҳем кард на музокираи дуҷониба  на чандҷониба.

Твитти Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба пешниҳоди талвеҳии раиси ҷумҳури Амрико барои музокира ва тавофуқ бо Эрон, ёдовари ҳамин нуктааст.

 

Назарҳо