Июн 06, 2020 18:33 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори мубталоён ба КОВИД-19 дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз ду ҳазор бемори нави мубтало ба КОВИД-19 дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Киёнуши Ҷаҳонпур- раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон гуфт: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ,  дар 24 соати гузашта  ду ҳазору 269 бемори нави КОВИД-19 шиносоӣ шуда, ки 527 маврид бистарӣ ва бақия беморони сабук буданд .

Ҷаҳонпур гуфт: Маҷмӯи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 169 ҳазору 425 нафар расидааст.

Вай афзуд: Дар 24 соати гузашта, 75 бемор ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба ҳашт ҳазору 209 нафар расид.

Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ёдовар шуд то кунун 132  ҳазору 38 нафар аз беморон, беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, токунун беш аз як миллиону 60 ҳазор озмоиши ташхиси КОВИД-19 дар Эрон анҷом шудааст.

 

Назарҳо