Июн 29, 2020 18:54 Asia/Dushanbe
  • Ройзании зидди эронии мақоми амрикоӣ бо вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ дар Эр-Рияд

Пас аз сафари ахир ба Иморот, намояндаи вижаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Эрон бо Вазири корҳои хориҷии Саудӣ дар Эр- Рияд мулоқот кард ва бори дигар алайҳи Эрон ройзанӣ кардааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, вазири хориҷаи ин кишвар "Файсал Бин Фарҳон Бин Абдуллоҳ" бо Брайан Ҳук, фиристодаи вижаи давлати Амрико дар Эрон дидор кард.

Тибқи ин гузориш, ду тараф ҳамчунин таҳаввулоти марбут ба парвандаҳои мухталифи минтақаӣ, аз ҷумла он чи "хатари Эрон алайҳи амнияти минтақа ва талошҳои муштараки ду кишвар барои таҳаққуқи амният ва суботи минтақаӣ" хонда шудро баррасӣ карданд.

Дар ин дидор, ҳамчунин шуморае аз масъулони саудӣ ва  сафири Амрико дар Арабистон "Ҷон Аби Зайд" ҳузур доштанд.

Намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон бо Брайан Ҳук, фиристодаи вижаи давлати Амрико дар Эрон  , пеш аз сафар ба Арабистони Саудӣ, дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо мақомҳои ин кишвар, аз ҷумла вазири хориҷа дидор ва алайҳи Эрон ройзанӣ кардааст.