Июл 06, 2020 11:53 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҷурм алайҳи чанд хонавода ба далели баргузории маросими тӯй ва азо

Ба далели нодида гирифтани протоколҳои беҳдоштӣ дар даврони корона, се хонавода дар шаҳристони Занҷон дар ғарби Эрон ба ниҳодҳои қазоӣ муаррифӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ризо Асгарӣ гуфт: Алайҳи хонаводае, ки дар яке аз рустоҳои Занҷон бидуни таваҷҷуҳ ба тазаккурҳо ва ҳушдорҳои мақомоти маҳаллӣ маросими тӯй баргузор карданд эъломи ҷурм шуда ва онон бояд дар додгоҳ ҳозир шаванд.

Вай гуфт: Пас аз ин маросими тӯй озмоиши коронаии 50 нафар аз ширкаткунандагон мусбат эълом шуд.

Асгарӣ афзуд: Ду маҷлиси фотиҳа низ бо вуҷуди эъломи мамнуъияти баргузорӣ чунин барномаҳое дар Занҷон баргузор шуд, ки алайҳи хонаводаҳои баргузоркунандаи ин ду маросим низ эъломи ҷурм шуд.

Фармондори Занҷон гуфт: Дар шароити кунунӣ чорае ҷуз муаррифии мутахаллифон ба маҳокими қазоӣ нест ва дастгоҳи қазоӣ низ аз ҳамаи зарфиятҳои қонун муҷозоти исломӣ барои бархурд бо касоне, ки ҷони шаҳрвандонро ба хатар меандозанд истифода хоҳад кард.

 

Назарҳо