Июл 07, 2020 16:13 Asia/Dushanbe
  • Рекордшикании теъдоди ҷонбохтагони корона дар як рӯз дар Эрон

Бо ҷон бохтани 200 нафари дигар аз мубталоён ба Ковиди 19 дар Эрон, бештарин теъдоди қурбониён дар як рӯз аз замони оғози ҳамагирии корона то кунун сабт шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симо Содот Лорӣ сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба Ковид 19 дар ин кишвар ба хабарнигорон гуфт: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 637 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 1 ҳазору 455 маврид бистарӣ шуданд ва ба абқияи беморон низ хадамоти дармонӣ ироа шуд.

Лорӣ гуфт: Маҷмӯи беморони Ковиди 19 дар Эрон ба 245 ҳазору 688 нафар расидааст, ки аз ин теъдод то кунун 207 ҳазор нафар беҳбуд ёфтааснд.

Вай афзуд: Дар 24 соати гузашта 200 нафар аз беморони Ковид-19 ҷони худро аз даст додаанд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 11 ҳазору 931 нафар расид.

Теъдоди афроди мубтало ба Ковид-19 дар ҷаҳон низ ба беш аз 11 миллиону 740 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 540 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва дасти кам шаш миллиону 736 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд. 

Назарҳо