Июл 08, 2020 11:04 Asia/Dushanbe
  • Нигоҳе ба аввалин коргурӯҳи муштараки тиҷорати Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

Иҷрои мувофиқатномаи тиҷорати тарҷеҳӣ миёни Эрон ва Иттиҳоди иқтисоди Авруосиё мунҷар ба тавсеаи равобити иқтисодии Эрон бо ҳамсоягон худ шудааст.

Ин мавзӯъ дар нахустин коргурӯҳи муштараки тиҷории Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мавриди таъкид қарор гирифт.

Аввалин коргурӯҳи муштараки тиҷорати Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо ҳузури масъулони Созмони гумруки Эрон ва Русия, Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав ва раиси русии ҳайати Комиссияи иқтисодии Авруосиё рӯзи сешанбе ба сурати видеоконфронс баргузор шуд. Дунёи имрӯз дунёи ҳамгароии иқтисодии минтақаӣ аст. Дар ин росто ҳузури фаъол дар эътилофҳои минтақаӣ ва густариши равобити иқтисодӣ бо ҳамсоягон аз сиёсатҳои усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Музокироти мувофиқатномаи муваққати тиҷорӣ байни Эрон ва кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисоди Авруосиё дар моҳи майи 2018 дар Қазоқистон ба имзо расид. Бо хотимаи се сол узвияти муваққат дар ташкили минтақаи озоди тиҷории Авруосиё, замина лозим барои узвият Эрон дар ин иттиҳодия фароҳам мешавад. Бо пайвастани Эрон ба Иттиҳодия иқтисодии Авруосиё, дар гоми нахуст, барои беш аз 700 қалам аз колоҳои содиротии Эрон ба кишварҳои узви ин иттиҳодия, таърифа эъмол шуда бо коҳиши ҳудуди 80 дарсадӣ ҳамроҳ шуд.

Мутобиқ оморҳои мунташира, 72 дарсад аз мизонми тиҷорати хориҷии Эрон ва Авруосиё саҳми воридот ва 28 дарсад низ саҳми содироти Эрон будааст. Аз онҷо, ки Иттиҳоди Авруосиё бо коҳиши истифода аз доллар, саҳми пардохтҳои тиҷорӣ бо арзи миллиро ба 70 дарсад афзоиш дода, метавон ба коҳиши истифода аз доллар дар мубодилоти тиҷорӣ низ хушбин буд. Аз нигоҳи коршиносон пайвастан ба ин иттиҳодия, мазиятҳои иқтисодии бисёре ба думбол дорад. Эрон барои аввалин бор вориди як созмони минтақаӣ шудааст, ки ин дар ҳамтанидагӣ, илова бар самароти иқтисодӣ, дастовардҳои сиёсӣ низ хоҳад дошт.

Валӣ Кӯзагар Колиҷӣ, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, бар ин бовар аст, ки пайвастан ба ин иттиҳодия метавонад, бахше аз фишорҳои ҷанубро аз самти шимол ҷуброн кунад. Эрон узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё нашудааст ва фақат қарордоди тиҷорати тарҷеҳӣ бо ин иттиҳодия дорад ва ин тавофуқнома се сола ва муваққат аст. Агар тааҳҳудоти ду тараф ба дурусти иҷро шуд ин тавофуқнома табдил ба тиҷорати озод мешавад. Аҳаммияти ин тавофуқнома дар ин аст, ки барои нахустин бор ҳаҷми бисёр васеъе аз коло аз тарафи ин иттиҳодия яъне он панҷ кишвар, дорои таърифаи гумрукии поин ва наздик ба сифр хоҳад шуд.

Тибқи нақшаи роҳи иттиҳодия, ки дар қолаби бархе аҳдоф аз қабили озодии сармоя, тиҷорат, хадамот ва таҳарруки коло тарсим шудааст, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, яке аз коромадтарин сохторҳое маҳсуб мешавад, ки дар ҳавзаи васеъе аз Осиё шакл гирифтааст. Вуҷуди манобеи табиии васеъ дар қаламрави иттиҳодия шомили энержии нафт ва газ ва таъмини бахши муҳимме аз маводи маъдании ҷаҳон ҳамроҳ бо зерсохтҳо, шаҳракҳои бузурги санъатӣ ва кишоварзӣ, ин иттиҳодияро дар сатҳи роҳбурдӣ қарор додааст. Аз манзари ҷуғрофиёӣ низ кишварҳои узви иттиҳодия шомили Русия, Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон дар минтақаи геостратегии бисёр муҳамме байни шарқу ғарб ва дар миёни иттиҳодия Аврупо, Чин, Ҳинд, Осиёи Миёна ва ғарби Осиё қарор гирифтаанд. Аз ин дидгоҳ ин иттиҳодия метавонад ба як каридори ҳамлу нақли транзитии ғарб ба шарқ табдил шавад. Ин дар ҳоле аст, ки Эрон низ дар ин ҳалқаи иртиботӣ нақши калидиӣ дар такмили шоҳроҳҳои мавҷуд дар минтақа, яъне Роҳи Абрешим, роҳи оҳани саросарии Осиё, Trasica ва каридори шимол ва ҷануб дорад.

Дар маҷмӯъ бо таваҷҷӯҳ ба таъкиди Эрон бар чандҷонибагароӣ дар сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа, ҳузур дар ин иттиҳодияро метавон фурсате судманд бо манофеи мутақобил арзёбӣ кард.

 

Назарҳо