Июл 12, 2020 16:39 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Душманон бо вуҷуди таҳримҳо, натавонистаанд ба аҳдофи зиддиэронии худ даст ёбанд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: Душманон ба эътирофи худашон, бо вуҷуди сахттарин таҳримҳо ва фишорҳои ҳамаҷониба, натавонистаанд ба аҳдофи зиддиэронии худ даст ёбанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз, якшанбе дар иртиботи тасвирӣ бо намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, бунияи қавӣ ва зарфиятҳои моддии кишвар ва тавоноиҳои маънавӣ ва имонии миллатро ёдовар шуданд ва гуфтанд:

Итминон дорем, ҳамаи мушкилоти мавҷуд қобили ҳал ҳаст ва Маҷлис бояд бо авлавиятбандии масоил, парҳез аз ҳошиясозӣ ва низ кори мухлисона барои мардум, дар раванди ҳалли мушкилот, таъсири маҳсус бигзорад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Маҷлиси 11-умро аз қавитарин ва инқилобитарин маҷолиси пас аз инқилоб хонданд ва афзуданд: Ҳузури ҷавонони пурангеза, пуримон, пуртавон, таҳсилкарда ва коромад, дар канори шуморе аз мудирони инқилобӣ ва дорои савобиқи иҷроӣ ва низ шуморе аз пешкисватони дорои савобиқи намояндагӣ, маҷлиси 11-умро ба маҷлисе бисёр хуб ва умедбахш табдил кардааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хомнаӣ афзуданд: Эҷоди ҳазорон ширкати донишбунён, иҷрои садҳо тарҳи зербиноӣ, баҳрабардории паёпай аз тарҳҳои ҷадид, пешрафтҳои ҳайратангез дар саноеи низомӣ ва маваффақиятҳои таҳсинбарангез дар масоили фазоӣ, натоиҷи истифода аз бахше аз зарфиятҳои бисёр  қавӣ ва густурда дар кишвар аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин ҳузури баҳангом ва фидокоронаи мардум дар муқобила бо мавҷи аввали коронаврус, хадамоти бисёр боарзиши миллат ва наҳзати кӯмаки мӯъминона ба хонаводаҳои заиф ва ҳузури бошукӯҳ ва хиракунандаи мардум дар бадрақаи сардор Сулаймониро намунаҳое аз зарфияти маънаваии амиқи миллати Эрон донистанд.

 

Барчасп

Назарҳо