Июл 16, 2020 21:22 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Русия: Эрон ба дунболи тасҳили роҳҳои тиҷорати заминӣ ва дарёӣ бо Русия аст

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия гуфт: Мо ба дунболи тасҳили роҳҳои тиҷории заминӣ, қатор ва дарёӣ бо Русия дар ҷиҳати густариши содироти ғайринафтӣ ҳастем.

Козими Ҷалолӣ дар видеоконфронс бо масъулони Утоқи бозаргонӣ, Гумрук, Созмони банодир ва киштиронӣ, Утотқи муштараки тиҷории Эрон ва Русия, Анҷумани тавлид и ва тиҷорати обзиён, Иттиҳодияи кишоварзӣ ва Конуни саноеи ғазоии Эрон, зимни баррасии охирин вазъияти тиҷорӣ байни ду кишвар афзуд: 

Равобити иқтисодии Эрон ва Русия ҳампои равобити сиёсӣ ва амниятӣ рушд накардааст, ҳол он, ки барои доштани робитае мустамир ва пӯё бояд тарози тиҷории ду кишвар иртиқо ёбад.

Сафири Эрон дар Маскав ҳамчунин бар рафъи монеаҳои пеши рӯи тавсиаи равобити иқтисодии Эрон ва Русия таъкид кард.

 

 

Барчасп