Июл 28, 2020 15:48 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 235 бемори Ковид-19 дар Эрон дар 24 соати гузашта

Сухангуи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 235 бемори дигари Ковид-19 дар 24 соати гузашта хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои хуросон Симо Содот Лорӣ имрӯз (сешанбе) дар бораи охирин омори мубталоён ба Ковид-19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 667 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 1 687 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.

Лорӣ гуфт: Маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 296 ҳазору 273 нафар расидааст, ки 257 ҳазору 19 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

 Лорӣ ҳамчунин афзуд: Дар тӯли 24 соати гузашта 235 нафар аз беморони COVID-19 ҷони худро аз даст додаанд. Маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 16 ҳазору 147 нафар расидааст.

 Теъдоди беморони Ковид-19 дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 16 миллиону 660 нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам 657 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 10 миллион нафар низ беҳбуд ёфтаанд.