Сентябр 05, 2020 16:38 Asia/Dushanbe
  • Беҳбуд ёфтани 86 дар сад беморони Ковид -19 дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбуд ёфтани 86 дар сад аз беморони Ковид -19 дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон , Симо Содот Лорӣ рӯзи шанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид - 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт : бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ , дар 24 соати гузашта  ҳазору 894 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуданд, ки 976 нафар аз онон бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд .
Вай афзуд : маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 384 ҳазору 666 нафар расидааст, ки аз ин теъдод то кунун 332 ҳазору 131 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Лорӣ гуфт : муттаассифона дар 24 соати гузашта  110 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 22 ҳазору 154 нафар расидааст .
Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 27 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  дасти ‌кам 879 ҳазор нафар  ҷони худро аз даст дода ва беш аз 19 миллион нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд .