Сентябр 11, 2020 17:29 Asia/Dushanbe
  • Шиллики мушаки сатҳ ба сатҳи Наср дар размоиши муштараки Зулфиқор 99-и артиши Эрон

Шиноварҳои нируи дарёии артиши Эрон бо истифода аз мушаки крузи "Наср", аҳдофи сатҳии худро дар дарё нобуд карданд.

 Дарёдор Шаҳроми Эронӣ-сухангӯи размоиши Зулфиқор 99-и артиш рӯзи ҷумъа гуфт: Дар идомаи баргузории марҳилаи аслии размоиш,  шиноварҳои сатҳии нируи дарёии артиш бо иҷрои оташи мушакӣ аҳдофи сатҳии худро дар дарё мавриди бархурд қарор доданд.

 Эронӣ афзуд: Дар ин марҳила аз размоиш киштии мушакандози "Наҷм" бо шиллики мушаки Наср, ҳадафи сатҳии таъйиншуда дар дарёро бо муваффақият  нобуд кард.

 Ҳамчунин имрӯз субҳ мушаки курузи соҳил ба дарёи "Қодир" дар марҳилаи аслии размоиши муштараки Зулфиқор 99-и артиши Эрон бо муваффақият алайҳи аҳдофи сатҳӣ шиллик шуд.

 Размоиши серӯзаи «Зулфиқор 99» бо ҳузури қисмҳое аз нируи дарёӣ, ҳавоӣ, падофанд(дифои зиддиҳавоӣ) ва нируи заминии артиши Эрон дар маҳдудаи обҳои шарқи тангии Ҳурмуз, соҳилҳои Макрон, баҳри Уммон ва шимоли уқёнуси Ҳинд то мадори 10 дараҷаи шимолӣ дирӯз (панҷшанбе) оғоз шуд.

 

Барчасп

Назарҳо