Сентябр 23, 2020 19:20 Asia/Dushanbe
  • Нигоҳи расонаҳои ҷаҳон ба суханронии Руҳонӣ дар Созмони Милали Муттаҳид

Суханронии шаби гузаштаи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар расонаҳои мухталиф бозтоби густардае дошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз ИРНА , хабаргузории Ройтерс дар гузорише бо ин унвон, ки " раисҷумҳури Эрон гуфт Амрико на метавонад музокираро бар мо таҳмил кунаду на ҷангро " навишт : Ҳасани Руҳонӣ дар суханронӣ дар маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба сурати видеоконференсия эълом кард Эрон  абзори чоназании дохилӣ ва интихоботии Амрико нест ва ҳар давлате, ки дар Амрико интихоб шавад , ба ночор  таслими тобоварии миллати бузурги Эрон хоҳад шуд .
Хабаргузории Фаронса низ дар гузорише дар бораи суханони раиси ҷумҳӯрӣ Эрон навишт : ҳасани Руҳонӣ рӯзи сешанбе дар суханронӣ барои Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки раисҷумҳури баъдии Амрико бояд дархостҳои Теҳронро бипазирад.
Дар ин гузориши хабаргузории Фаронса омадааст : Ҳасан Руҳонӣ гуфт замони он фаро расида, ки дунёи имрӯз ба зӯргӯии " на " бигӯед .
Хабаргузории Ассошиейтед Пресс низ дар гузорише бо ишора ба суханони Руҳонӣ барои Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гузориш дод : Раиси Ҷумҳурии Эрон таъкид кард, ки Амрико на метавонад музокираро бар Эрон таҳмил кунаду на ҷангро ва ҳамчунин гуфт, ки зиндагӣ бо таҳрим сахт аст, аммо сахттар аз он зиндагӣ бидуни истиқлол аст .
Шабакаи Алҷазира низ дар гузорише унвон кард, ки Раиси Ҷумҳурии Эрон  фишорҳо ва сиёсатҳои Амрикоро маҳкум карду гуфт, ки Эрон дар баробари фишорҳои Амрико таслим нахоҳад шуд .
Торнамоии саҳюнистии Таймс Исроил ва рӯзномаи Ҳоортз низ бахшҳое аз суханронии доктор  Руҳонӣ дар маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро пӯшиш доданд .

Барчасп

Назарҳо