Сентябр 29, 2020 17:01 Asia/Dushanbe
  • Шумораи беморони Ковид -19 дар Эрон аз 450 ҳазор нафар гузашт

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт теъдоди беморони Ковид -19 дар ин кишвар аз 450 ҳазор нафар фаротар рафт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, Симо  Содот  Лорӣ рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид - 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта се ҳазору  677 бемори ҷадиди  Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод  як ҳазору 847 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзшон ироа шуд .
Лорӣ гуфт: маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 453 ҳазору 637 нафар расидааст, ки то кунун 378 ҳазору 727 нафар аз онон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Вай афзуд: муттаассифона дар 24 соати гузашта  207 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 25 ҳазору 986 нафар расидааст .
Теъдоди беморони Ковид - 19 дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 34 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  дасти кам  як миллион нафар  ҷони худро аз даст дода ва беш аз 24 миллион нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд .
 Амрико бо беш аз 7 миллион олуда ба вируси корона ва ҳудуди 210 ҳазор қурбонӣ, бештарин теъдоди мубталоёну ҷонбохтагонро дорад .