Октябр 01, 2020 13:53 Asia/Dushanbe
  • Исломобод: Ҳамкории амниятии Эрон ва Покистон иҷроӣ шуда аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон аз иҷроӣ шудани механизми ҳамкории амниятии ин кишвар ва Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ хабар дод.

 Ба гузориши радиои дарӣ, ба нақл аз хабаргузории Тасним, Зоҳид Ҳафиз Чуҳдарӣ- сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон рӯзи чаҳоршанбе гуфт , Дар нишасти масъулони олирутбаи амниятии ин кишвар ва Эрон , механизмҳои ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳамалоти террористӣ тадвин шуда ба марҳалаи иҷро даромада аст .

Чуҳдарӣ афзуд: Эрону Покистон ду кишвари ҳамсояи мусулмону бародар бо вуҷуди дасисаҳои душманони фароминтақаӣ ҳамвора дар канори ҳам буданд , ба шакле ки ин равобити дӯстона ва самимона намунае барои дигар кишварҳои минтақа ва фароминтақа буда аст .

 Сухангӯи вазорати хориҷаи Покистон ҳамчунин хотирнишон кард , равобити Теҳрон ва Исломобод дар бисёре аз ҳавзаҳо пешрафтҳои зиёде дошта аст.

 Ҷумҳурии исломии Эрону Покистон беш аз 900 километр марзи муштарак доранд, ки биёбонӣ ва душворгузар будани ин манотиқи марзӣ , боис шуда то унсурҳои террористӣ ва қочоқчиён бихоҳанд аз ин вазъият сӯистифода кунанд.

 Ба дунболи ҳамалоти террористӣ ба марзбонони Эрон дар марзи Покистон дар солҳои гузашта , Теҳрон аз Исломобод хоста аст тақвияти амният ва назорати бештар бар марзҳоро афзоиш диҳад.

 

Барчасп

Назарҳо