Октябр 01, 2020 16:50 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани беш аз 200 нафар  бемори дигари Ковид -19 дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 211 нафари дигар бар асари вируси корона дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, Симо Содот  Лорӣ рӯзи панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта се ҳазору 825 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод як ҳазору 925 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзшон ироа шуд .
Лорӣ гуфт: маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 461 ҳазору 44 нафар расидааст, ки аз ин теъдод то кунун 383 ҳазору 368 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Вай афзуд: муттаассифона дар 24 соати гузашта 211 нафар аз беморони Ковид - 19 низ ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 26 ҳазору 380 нафар  расид.
Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 34 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдоди дасти кам  як миллион нафар  ҷони худро аз даст дода ва беш аз 25 миллион нафар низ беҳбуд ёфтаанд .

Назарҳо