Октябр 20, 2020 17:46 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи 20 октябр беш аз 5 ҳазор мавриди ҷадиди Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд
    Рӯзи 20 октябр беш аз 5 ҳазор мавриди ҷадиди Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз панҷ ҳазор бемори ҷадиди Ковид -19 дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта панҷ ҳазору 39 бемори ҷадиди Ковид 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 254 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон

Лорӣ гуфт, теъдоди беморони Ковид -19 дар Эрон ба 539 ҳазору 670 нафар расидааст, ки то кунун 434 ҳазору 676 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Вай афзуд: Муттаассифона, дар 24 соати гузашта 322 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 31 ҳазору 34 нафар расидааст.

Корона дар Эрон рекорде ҷадид бар ҷой гузошт

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 41 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 120 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 30 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Бештар бихонед:

Пешгирӣ аз корона бо масрафи витамини D

Омори ҷонбохтагони корона дар Эрон аз 24 ҳазор нафар гузашт

 

Барчасп