Октябр 21, 2020 21:38 Asia/Dushanbe
  • То ҳол 139 мушаки ҷангии Қарабоғ ба Эрон фуруд омадаанд
    То ҳол 139 мушаки ҷангии Қарабоғ ба Эрон фуруд омадаанд

Рӯзи чаҳоршанбе 71 мушаки аз ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ партофташуда ба шаҳри марзии Худоофарин дар шимолу ғарби Эрон зарба заданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Алиёр Ростгӯ, муовини сиёсӣ ва амниятии волии Озарбойҷони Шарқӣ, рӯзи чаҳоршанбе гуфт: "Аз замони оғози муноқишаи Қарабоғи Кӯҳӣ дар маҷмӯъ 68 ракета ба манотиқи марзии Эрон бархӯрд, аммо имрӯз танҳо 71 мушак ба шаҳри Худоофарин зарба заданд."

Ростгӯ афзуд: зарбаи ин мушакҳо ба чанд деҳаи шаҳри Худоофарин то ба ҳол талафоти ҷонӣ ва молӣ ба бор наовардааст.

Муовини сиёсӣ ва амниятии волии Озарбойҷони Шарқӣ таъкид кард: "Аз ҷониби нерӯҳои марзбонии Эрон чораҳои қонунӣ андешида шуданд ва ҷонибҳо  дар ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ огоҳии ҷиддӣ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо дода шуданд."

бештар бихонед:

Барчасп

Назарҳо