Октябр 22, 2020 12:48 Asia/Dushanbe
  • Парвози Машҳад-Тошканд роҳандозӣ шуд

Ширкати ҳавопаймоии Зогруси Эрон рӯзи панҷшанбе 22 октябр нахустин парвози Машҳад-Тошкандро роҳандозӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, қарор аст дар сурати ба ҳадди нисоб расидани мусофирон, аз рӯзи 15 обон ( 5 ноябр ) ҳар ҳафта як парвоз аз фурудгоҳи байналмиллалии Шаҳид Ҳошиминажоди шаҳри Машҳад дар шимоли шарқи Эрон ба мақсади Тошканд анҷом шавад.

Мусофирон дар сурати ҳамроҳ доштани натиҷаи манфии озмоиши PCR метавонанд ба мақсади Тошканд парвоз кунанд ва карантин низ нахоҳанд шуд.

Гуфтанӣ аст роҳандозии ин парвоз барои сокинони шимоли Тоҷикистон ва ҷануби Қирғизистон низ шароити муносиберо эҷод хоҳад кард.

Пас аз рӯи кор омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон равобити ду кишвари Эрон ва Узбакистон рӯ ба густариш аст.

 

Барчасп

Назарҳо