Октябр 22, 2020 21:17 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси бонки марказии Эрон бар моқобила бо таҳримҳои якҷонибаи Амрико

Раиси кулли бонки марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон, равиши муқобилаи таҳтир (паёпай)-ро яке аз шеваҳои классики муоқобила бо таҳримҳои Амрико аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдунносир Ҳимматӣ дар ҷаласаи муштараки вузарои санъат, маъдан ва тиҷорат, нефт ва ҷиҳоди кишоварзӣ гуфт дар шароити ҳозир,ки Амрико барои ҷилугирӣ аз мубодилоти пулӣ ва бонкии Эрон, анвои тасмимотро мадди назар қарор додааст, таҳотири коло бо нефт метавонад бо таҳрими Вашингтон муқобила кунад.

Раиси кулли Бонки марказии Эрон афзуд, равиши таҳотир яке аз шеваҳои тавсиаи тиҷорати хориҷии кишварҳост.

  • бештар бихонед: 

Вокуниши Зариф ба таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи бонкҳои Эрон 

Зангана: Ҷараёни энержии Эрон дар авҷи таҳримҳои лаҳзае қатъ нашуд

Ҳимматӣ афзуд: бо таваҷҷӯҳ ба пешинаи анҷоми барномаи таҳотири коло дар Эрон, барномаи мавҷуд дар абъоди васеътар ва дар ду марҳила иҷро мешавад, ки марҳилаи нахусти он шомили таъмини колоҳои асосӣ ва марҳилаи дуввуми он шомили колоҳои зарурӣ ва маводи аввалияи мавриди ниёзи воҳидҳои тавлидӣ хоҳад буд.

Доналд Трамп раиси Ҷумҳурии Амрико, 8 маи соли 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳудоти Вашингтон зайли Барҷом, кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ шуд. 

Барчасп

Назарҳо