Октябр 27, 2020 17:59 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори беморон, беҳбудёфтагон ва ҷонбохтагони Ковид -19 дар Эрон то 27 октябри 2020
    Охирин омори беморон, беҳбудёфтагон ва ҷонбохтагони Ковид -19 дар Эрон то 27 октябри 2020

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 346 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар бар асари корона хабар дод.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори беморони корона ба хабарнигорон гуфт: "Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 968 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 135 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд".

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон

Лорӣ афзуд: “Маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 581 ҳазору 824 нафар расидааст, ки то кунун 463 ҳазору 611 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд”.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон гуфт: “Муттаассифона, дар 24 соати гузашта 346 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 33 ҳазору 299 нафар расидааст”.

Теъдоди афроди гирифтори вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 43 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 165 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 32 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 


 

Бештар бихонед:  

 


 

 

Барчасп

Назарҳо